Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Хатари болоравии сатҳи об дар дарёҳо зиёд аст, чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоед!
ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 14 то 17 май бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери об мондани соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикасту рехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ дар соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироате, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест.
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо Кумита аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, хоҳиш мекунад шабонгоҳон ҳаракат дар чунин роҳҳоро маҳдуд кунанд ва қоидаҳои ҳаракатро низ ҷиддан риоя намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинон тавсия медиҳад, ки аз фурсати мусоид истифода намуда, селроҳаро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.
АКС аз КҲФ








Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид






