Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон суҳбати телефонӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 май бо ташаббуси ҷониби Арманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Ара Айвазян баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
С.Муҳриддин ба ҳамтои худ дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва тавофуқоти ҳосилшуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ маълумот дод. Вазири корҳои хориҷии мо ҳусни нияти ҷониби Тоҷикистонро барои ҳаллу фасли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон танҳо аз тариқи гуфтушунид ва пайдо намудани роҳҳалҳои барои ҳарду ҷониб қобили қабул бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар таъкид кард.
А.Айвазян аз раванди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас истиқбол намуд.
Ҷонибҳо инчунин атрофи баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистон табодули афкор карда, ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки 18-19 майи соли ҷорӣ дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.
Дар аз ВКХ ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд






