Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон суҳбати телефонӣ доир намуд

Май 5, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 май бо ташаббуси ҷониби Арманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Ара Айвазян баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

С.Муҳриддин ба ҳамтои худ дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва тавофуқоти ҳосилшуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ маълумот дод. Вазири корҳои хориҷии мо ҳусни нияти ҷониби Тоҷикистонро барои ҳаллу фасли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон танҳо аз тариқи гуфтушунид ва пайдо намудани роҳҳалҳои барои ҳарду ҷониб қобили қабул бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар таъкид кард.

А.Айвазян аз раванди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас истиқбол намуд.

Ҷонибҳо инчунин атрофи баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистон табодули афкор карда, ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки 18-19 майи соли ҷорӣ дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст,  баррасӣ намуданд.

Дар аз ВКХ ҶТ

Май 5, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Швейтсария баргузор шуд
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории дуҷонибаро дар бахши иқтисодиву тиҷоратӣ ва саноату энергетика баррасӣ намуданд
Тоҷикистон бо Ботсвана муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Латвия баргузор шуданд
Вазири корҳои хориҷии Узбекистон муносибатҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд
МУБОРАК БОШАД! «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид
НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии вилояти Денизли мулоқот намуд
НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Анъанаи бофтани атласу адрас» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Остона «Бренди миллии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо волии вилояти Айдини Туркия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири генералии Маркази обии Женева мулоқот намуд

Маводҳои таҳлилӣ