Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуданд

Май 21, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва вакили мардумӣ Зоир Раҳмонзода дар кори Шӯрои коршиносони соҳаи тандурустии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва иҷлосияи шонздаҳуми Ассамблеяи Байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар реҷаи фосилавӣ (он-лайн) дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, иштирокчиёни ҷаласаҳои мазкур дар рӯзномаи кори худ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла «Эволютсияи биоэтика. Тадқиқоти клиникӣ ва арзёбии технологияи саломатӣ, мушкилоти ҷорӣ», «Масъалаҳои ахлоқӣ дар тиҷорати дорусозии ҷаҳонӣ»,  «Системаи таснифоти байналмилалӣ ҳамчун заминаи ҳалли саривақтӣ ва муносиби масъалаҳои биоэтикӣ. «Таснифоти байналмилалии фаъолият, маъюбон ва саломатӣ асоси ташкили системаи барқарорсозии ҳамаҷонибаи маъюбон», «Дар бораи ташаббусҳои қонунгузории ҷавонон ва лоиҳаҳои давлатӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи натиҷаҳои видеоконфронси байналмилалии «Ҷавонон- зидди ситоиши натсизм», «Дар бораи лоиҳаи консепсияи Тавсияҳо «Дар бораи чораҳо оид ба муайян ва дастгирии кӯдакон ва ҷавонони боистеъдод», «Дар бораи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи ҳамкории байналмилалии ҷавонон мутобиқи қарорҳои мақомоти ИДМ-ро, ки солҳои 2020-2021» қабул шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Намояндагони Парлумони Тоҷикистон таваҷҷуҳро ба мушкилоти экологии замони ҳозира ҷалб карда, таъкид намуданд, ки аз сабаби сарбории аз ҳад зиёди антропогенӣ, манзараҳои табиӣ тағйир меёбанд, мушкилоти ҳифзи гуногунии биологӣ меафзояд. Афзоиши офатҳои табиӣ, ки асосан бо мушкилоти тағйирёбии иқлим, буридани системавии ҷангалҳои осебпазир ва барқароршаванда, рушди иқтисодии нишебиҳои кӯҳ алоқаманданд, нигаронии махсус доранд.

Вакилони Парлумон ҳамчунин ба ҳамкасбони худ дар бораи чораҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маълумот дода, иброз намуданд, ки бисёр қонунҳои дар ин соҳа қабулшуда, аз ҷумла «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи минтақаҳои махсуси ҳифзшаванда», «Дар бораи аудити экологӣ», «Дар бораи иттилооти экологӣ» ва дигарон бо назардошти ташаббусҳои қонунгузории ҷавонон таҳия карда шуданд.

Иштирокчиёни ҷаласаҳои мазкур дар фарҷом аз рӯи  масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

   Аксҳо аз Маҷлиси намояндагон

Май 21, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»