«Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон». Дар Вазорати фарҳанг таҳти ин унвон мизи мудаввар доир гардид

Май 25, 2021 17:05

ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қисмати зиёди асарҳои ба озмун пешниҳодшуда ҷашнворагӣ набуда, бадеият ва касбият дар онҳо дида намешуд. Вақте бадеияту касбият дида намешавад, чӣ тавр метавон асарро намоишнома номид? Яке аз мушкилии дигари мо дар ин соҳа — ин нарасидани коргардонҳои касбӣ дар театрҳо мебошад. Пешниҳод  менамоям, ки  баҳри  тарбияи каргардонҳои соҳавӣ курсҳои омӯзишии коргардонӣ ташкил карда шаванд.

Ин матлабро Раиси ҳакамони Фестивал-озмуни «Парасту-2021» Маҳмадулло Табаров зимни баргузории мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон», ки 24 майи соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён намуд.

Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомади мазкур, ки таҳти раёсати муовини аввали Вазири фарҳанг Обид Назариён баргузор гардид,  санъатшиносон, коршиносон, мунаққидон, театршиносон, коргардонҳо ва ҳунармандони варзидаи театр иштирок намуда, оид ба  асарҳои ба Фестивал-озмуни «Парасту-2021» пешниҳодшуда ибрози назар намуданд.

Аз ҷумла, мунаққид Ҷумъа Қуддус зикр кард, ки  «Дар намоишномаҳои фестивали имсолаи «Парасту»  драматургия дида намешуд. Пеш аз он, ки саҳна месозед, сараввал драмма созед. Пешниҳод менамоям, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбии драматургон курсҳои омӯзишии драматургия ташкил карда шавад».

Коргардони шинохтаи тоҷик Давлат Убайдуллоев  аз ҳунармандони ҷавон даъват ба амал овард, то бештар мутолиа намоянд, таърихро омӯзанд, забонҳои тоҷикӣ ва хориҷиро аз худ намоянд. Номбурда низ пешниҳод намуд, ки барои пешрафти кори коргардонӣ як озмоишгоҳи коргардонӣ ташкил карда шавад, то коргардонҳои ҷавони имрӯза тавонанд аз ин курсҳои омӯзишӣ баҳри пешрафти санъати театрӣ истифода баранд.

Профессор Тамара Абдушукурова зимни суханронии хеш аз ташаббускорон, ҳунармандон барои баргузории Фестивал-озмуни “Парасту-2021” изҳори сипас намуда, пешниҳод намуд, ки дар назди вазорат хазинаи маданият ташкил карда шавад, то барои беҳтар гардидани савияи дониши коргардонҳо, драматургҳо, ҳунармандони касбӣ курсҳои омӯзишӣ  доир гарданд.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии  Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2021» ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи майи соли равон баргузор мегардад.Даври минтақавии фестивал нимаи аввали моҳи апрел гузаронида шуд. Айни замон масъулини аксари театрҳои мамлакат номгӯи намоишҳои нави худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод намуда, аз ҳаводорону шавқмандон даъват ба амал овардаанд, ки толорҳои театрҳои ҷумҳуриро холӣ намонда, ҳунармандонро мухлисӣ кунанд.

Хотиррасон менамоем, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати  театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Май 25, 2021 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд