Вазъи пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Май 5, 2021 11:21

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  4 май бо ташаббуси  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир ба вазъи пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ дар мамлакат ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид.        

Дар он намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода,  муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода,  роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Александр Масленников, сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев, шарикони рушд, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои тандурустӣ ва тариқи онлайн мутахассисони СУТ  иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат дар самти пешгири бемориҳои ғайрисироятӣ пайваста тадбирҳои муҳим меандешад.

Ба зикри мутахассисон, тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла саратон, бемориҳои дилу рагҳо ба ҳисоб рафта, тибқи нишондиҳандаҳои Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло дар ҷаҳон аз шумораи умумии аҳолӣ ҳамарӯза қариб 1 миллиард нафар мардон ва 250 миллион нафар занон тамоку мекашанд.

Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода иброз дошт, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку якчанд чораҳои муҳимро рӯи кор гирифтааст, ки барнома ва ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулгардида далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардида, соли 2013 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.

Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, тамокукашӣ 10%-и сабаби асосии марги аҳолии калонсоли ҷаҳонро ташкил дода, ҳамасола 5,4 миллион нафар одамон аз бемориҳои ба тамокукашӣ вобаста мефавтанд.

Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён доир ба вазъи бемориҳои ғайрисироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар кишвар  маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Акс аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Май 5, 2021 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид