Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи вижаи ИМА барои сулҳ дар Афғонистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар суҳбат мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, омодагӣ ба баргузории Конфронси муҳими сулҳ дар Истанбул, хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Илова бар ин, С.Муҳриддин таъкид дошт, ки Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистон ва кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амният ва сулҳу субот дар он кишварро ҷонибдорӣ менамояд.
Зимни баррасии робитаҳои ду кишвар дар қолабҳои бисёрҷониба, тарафҳо аз ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро зикр карданд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин зарурати пайгирии пайвастаи масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА таъкид гардид.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






