Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Май 25, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 май вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия Пекка Ҳаависто дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни суҳбат вазирон роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, маориф, муҳоҷирати корӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист иброз намуданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Май 25, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид