Волонтёрони Темурмалик дар бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб ёрӣ расонданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз волонтёрон — азъои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ ба шаҳри Кӯлоб сафар карда, дар тозаю озода кардани манзилҳои зисти сокинони зарардида ёрӣ расониданд.
Тавре аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, минбаъд низ чунин тадбиру иқдомҳои нек идома ёфта, ба ин васила ҳизбиён ёрии амалии хешро ба зарардидагон аз офати табиӣ мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат ба сохторҳо ва мақомоти дахлдор супориш доданд, ки «Барномаи рушди Фаъолияти волонтёрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025»-ро то моҳи ноябри соли равон таҳия ва пешниҳод кунанд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки тақвияти фаъолияти волонтёрӣ ва таҳким бахшидани иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар дар атрофи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки кор бо ҷавонон мебошад.Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» аз 19 сентябри соли 2013 ин самти фаъолияти ҷамъиятӣ хеле рушд карда, ҳоло дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он ҳазорҳо нафар ҷавонон ба ҳайси волонтёр муттаҳид гардида, дар чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок доранд.
Мактаби волонтёрӣ барои ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад.
Президенти мамлакат мувофиқи мақсад донистанд, ки ин самти фаъолият боз ҳам тақвият бахшида, неруи қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар навбати аввал, ҷавонон бо истифода аз тарзу воситаҳои волонтёрӣ ба ободу зебо гардонидани Ватани азизамон, ҳифзи муҳити зист, дастгириву кумак ба ятимону маъюбон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони ниёзманд равона карда шавад.










Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






