Як гурӯҳ ҷавонони ниёзманди ноҳияи Рўдакӣ бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, ки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ба як гурӯҳ ҷавонони ноҳияи мазкур, ки бо амри тақдир аз роҳгардӣ маҳруманд, аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуд.
Тавре аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ориф Хоҷазода дар баробари аробачаҳои маъюбӣ ба Мафтуна Фатҳуллоева, Ганҷина Насриддинова, Санавбар Исмоилова, Аъзам Умаров ва Парвизи Мухторалӣ инчунин кумаки яквақтинаи молиявӣ тақдим намуд.
Дар ҷараёни суҳбату мулоқот ва тақдими аробачаҳо Ориф Хоҷазода изҳор намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии шахсони ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, минбаъд низ чунин дастгирию ғамхориҳо нисбат ба онҳо идома дода мешаванд.
АКС: аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






