Япония барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи зинаҳои бакалавр, магистр, доктор ва миёнаи касбӣ бурсияҳо ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Сафорати Япония дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи «МЕХТ» аз рӯи зинаҳои бакалавр, магистр, доктор PhD ва миёнаи касбӣ (коллеҷ) бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст.
Дар ин бора аз муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Довталабон то 26 майи соли равон ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи он ҷонибро хонапурӣ намуда, ба Сафорати Япония дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Довталабон метавонанд тафсилоти бештар ва ҳуҷҷатҳои заруриро аз сомонаи https://www.tj.emb-japan.go.jp/itpr_ja/mext2022.html дастрас ва хонапурӣ намоянд.
Акс аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






