Шоири тоҷик Ато Мирхоҷа якбора барандаи ду ҷоизаи бонуфузи адабии Россия гардид

Май 14, 2021 14:23

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоири маъруф, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа якбора  барандаи  ду ҷоизаи бонуфузи адабии Россия — ордени «Золотая осень» («Тирамоҳи заррин»)-и ба номи Сергей Есенин ва медали «Ф.М. Достоевский. Барои зебоӣ, инсондӯстӣ ва адолат» гардид.

Аз ҷумла, дипломи ҷоизаи адабӣ-ҷамъиятии «Золотая осень»-и ба номи С.А.Есенин ва ордени ҳамном «барои маҳорати баланди бадеии тарҷума»-и асарҳои Александр Блок, Александр Пушкин, Владимир Висотский ва дигар шоирони русзабон ба забони тоҷикӣ ба Ато Мирхоҷа супорида мешаванд.

Ордени «Золотая осень»-и ба номи Сергей Есенинро Ҷамъияти байналмилалии иттифоқҳои нависандагон (ҶБИН) таъсис додааст, ки имрӯз 37 иттифоқи нависандагони ҷумҳуриҳои Россия ва кишварҳои ИДМ-ро муттаҳид мекунад. Вазифаи асосии ҶБИН, ки вориси қонунии Иттифоқи нависандагон гардидааст, дар қаламрави ИДМ ҳифзи фазои ягонаи фарҳангӣ, нигоҳдорӣ ва рушди ҳамкорӣ бо ташкилоти нависандагон ва адибони алоҳида дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Дар бораи кушодашавии Озмуни адабии «Золотая осень» ва қабули шеърҳо ва дархостҳое, ки ба ҳаёт ва фаъолияти Сергей Александрович Есенин, ситоиши Россия ва табиати ватанаш дар эҷодиёти ӯ бахшида шудаанд, қаблан аз ҷониби ташкилоти шаҳрии Иттифоқи нависандагони Россия дар Москва, «Литературная Республика», Иттифоқи нависандагон-тарҷумонҳо ва Лигаи нависандагони Авруосиё эълон нашр гардида буд.

Ғолибони озмун сазовори унвони баранда ва дипломҳои ҷоизаи адабӣ ва ҷамъиятии «Золотая осень» бо нишони (ордени) «Ордени С.А. Есенин» мегарданд.

Май 14, 2021 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад