КҲФ ва МГ: Хатари омадани сел то 1 июн боқӣ мемонад

Май 31, 2021 14:13

ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  мамлакат  мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 1 июни соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобкор боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Кумитаи мазкур ба сокинон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд. Ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд. Аз рафтан барои истироҳат ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел Кумита хотиррасон мекунад, ки селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд.

Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохӯши дигар  шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 112; 93 880 28 19;  223 13 11 муроҷиат намоянд.

АКС аз КҲФ ва МГ

Май 31, 2021 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад