«ИН БАДБАХТӢ ФОҶЕАИ НА ТАНҲО МОДАРОНИ АФҒОН, БАЛКИ ТАМОМИ МОДАРОНИ РӮИ ОЛАМ АСТ!». Тасаллиномаи занону бонувони Тоҷикистон ба модарони афғон
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Бо оҳи ҷонсӯз ва дили ҳазин имрӯз ғамшарики модарони афғон ҳастем, ки ҷигарбандонашон зимни амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ҷони ҷавони худро ба ҷонофарин супориданд. Ин кулфат, ин ҳасрат, ин бадбахтӣ фоҷеаи на фақат модарони афғон, балки тамоми модарони рӯи олам аст».
Ин пораест аз тасаллиномаи модарони тоҷик, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.
Дар зер матни мукаммали он манзур мешавад.
«Боз як даҳшати ҷонсӯзу дилхарош, амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи иғвогар, ки фазои орому осударо халалдор намуд, хотири модарони тоҷикро мушавваш гардонид. Хабари тарконидани мактаби духтаронаи шаҳри Кобули Афғонистон ва марги донишандӯзони он, ки 55 нафар духтарони ташнаи илму маърифат буданд, модарони тоҷикро ошуфта гардонид. Бо оҳи ҷонсӯз имрӯз ғамшарики модарони афғон ҳастем, ки ҷигарбандонашон зимни амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ҷони ҷавони худро ба ҷонофарин супориданд. Бехабар аз дунёи фонии иғвогароёна онҳо машғули донишомӯзӣ ба хотири созмон додани ояндаи дурахшони худ буданд. Вале ҳайҳот, носипосони даҳр, хоинони давлату миллат нақшаҳои мусаллаҳонаи худро амалӣ намуда, ҳаёти осоиштаи оилаҳоро халалдор намуданд. Модарони тоҷик ин амали ноҷавонмардонаю беадолатонаи гурӯҳҳои террористӣ, саркардагони ин фоҷеаи даҳшатборро сахт маҳкум намуда, ҳамдардӣ ва таслияти худро ба модарони ғамзадаи афғон изҳор медоранд.
Рӯҳи рафтагон шоду манзили охираташон обод бошад. Ин кулфат, ин ҳасрат, ин бадбахтӣ на фақат фоҷеаи модарони афғон, балки тамоми модарони рӯи олам аст.
***
Ҳамчунин донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занону бонувони кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя- Афғонистон чунин изҳори таслият намудаанд:
«Вобаста ба ҳамлаи хунине, ки 8 май дар мактаби духтаронаи «Саид-ул-шуҳадо»-и Кобул сурат гирифт, ба модарони афғон изҳори таслият ва ҳамдардӣ мекунем. Мо, ҷавонон ҳамеша бар зидди чунин амалҳои террористӣ мубориза мебарем ва чунин амалҳоро маҳкум месозем. Зеро дар ин фоҷеаи хунин аслан кӯдакону наврасоне мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки ташнаи илму дониш ва маърифат буданд. Баръакс, гурӯҳҳои террористӣ муқобили сулҳу субот ва донишомӯзӣ буда, ҳамеша барои ноором сохтани вазъи ҷомеа даст ба амалҳои хунини маргбор мезананд. Тасаввур нокарданист, вақте аз дари хонаи беш аз 55 модар тобути фарзанд ворид мешавад ва ин кӯдакони наврасу ҷавон орзуҳояшонро бо худ ба хок мебаранд. Шояд баъзеи ин кӯдакони зери ҳамла қароргирифта бо лутакҳои кӯдакона бозӣ мекарданду бархеи дигар орзу доштанд калон шуда, ба кишварашон, ба модаронашон озодӣ биёранд. Аммо орзуҳояшонро бо худ ба хоки абадӣ бурданд.
Ногуфта намонад, ки ҳеҷ гоҳ шахси бад ба мақсад намерасад ва мо ҳама вақт зидди терроризму амалҳои террористӣ мубориза мебарем. Бори дигар ба ҳар модаре, ки фарзандашро аз даст додааст, таслияти худро баён медорем.
Ин ҳодисаи мудҳиш ҷавонони моро водор месозад, ки боз ҳам қавитару боиродатар ва ҳушёру зирак бошанд.
Мо, ҷавонони тоҷики даврони истиқлол ҳамеша дар атрофии Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид буда, аз мактаби сулҳпарваронаи Сарвари давлатамон сабақ мегирем, зеро тақдири имрӯзу ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».
***
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар назди мактаби духтарона дар Кобул барқияи таслият ирсол намуданд.
Дар барқия гуфта мешавад, ки хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас боиси «андӯҳи амиқ ва нафрати беандоза»-и Президенти Тоҷикистон гардид.
«Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки неруҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист», — изҳор доштанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамояд.
Инчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таслият ва ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Афғонистон изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 8 май дар ғарби Кобул дар назди мактаби духтарона таркишҳо рух доданд, ки дар натиҷа беш аз 55 нафар ҳалок ва 150 нафар маҷрӯҳ шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз











Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ба имзо расид
Оид ба саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид






