Зодаи Тоҷикистон ба номзадии вакили Думаи давлатӣ аз «Россияи воҳид» пешниҳод шуд

Май 21, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург ва собиқ консули фахрии Тоҷикистон Назари Мирзода аз тарафи ҳизби «Россияи воҳид» ба номзадии вакили Думаи давлатии Россия пешниҳод шудааст. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар»,  дар ин бора портали расмии «Россияи воҳид» хабар додааст.

Дар як паёми видеоӣ, ки дар портал нашр шудааст, Назари Мирзода дар назди худ вазифа гузоштааст, ки ба ҳама россиягиҳо, инчунин беш аз 7 миллион хориҷиён, ба шумули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кумак кунад.

«Ман мехоҳам ин қишри ҷомеаи Россияро, ки одатан камтар фаъол аст, ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар ҷалб кунам», — гуфта шудааст дар паёми ӯ.

Назари Мирзода ба «Sputnik» и Тоҷикистон гуфтааст, ки агар вай вакили парлумон шавад, нақшаҳои зиёде дорад. Аммо, вай таъкид кардааст, ки барои ба Думаи давлатӣ расидан ӯ ба дастгирӣ ниёз дорад.

«Сар аввал халқ бояд дар сомонаи расмии овоздиҳии электронӣ ба ман раъй бидиҳад, то ки ман ҳамчун узви ҳизби «Россияи воҳид» дар интихоботи ояндаи парлумонии Россия пешниҳод шавам», — гуфт ӯ.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Назари Мирзода (Мирзода Муҳаммадназар Мирғарибович) 1 ноябри соли 1958 дар деҳаи Ялдимич, ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) -и Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Солҳои 1977 — 1979 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.

1979-1985-факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ва факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Ждановро хатм кардааст. (Соли 1982 тибқи роҳхати мақсаднок ба факултаи журналистикаи ДДЛ ба номи Жданов табдил шудааст).

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Ленинград соли 1985 ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва ба ҳайси муҳаррири шуъбаи коршиносони нашриёти «Ирфон» дар шаҳри Душанбе кор карда, аз соли 1985 то 1987 гоҳ-гоҳ ба ҳайси хабарнигори ҳарбӣ дар Афғонистон фаъолият кардааст.

Солҳои 1987-1988 ҳамчун коромӯз-муҳаққиқ дар кафедраи филологияи эрони факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Ленинград кор кардааст.

Солҳои 1989-1994 дар аспирантураи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов таҳсил кардааст.

Соли 1994 дар кафедраи журналистикаи хориҷии факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба кор шурӯъ карда, аз фанҳои таърихи журналистика ва адабиёти Шарқи Наздик: Эрон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро дарс гуфтааст. Барои донишҷӯёни ватанию хориҷӣ оид ба самти фаъолияти кафедраи журналистикаи хориҷӣ семинарҳо гузаронида, рисолаҳои дипломии донишҷӯёнро роҳбарӣ ва оппонентӣ кардааст.

Солҳои 1994-1997 вазифаи муовини декани факултети журналистикаро иҷро кардааст.

Пас аз хатми муҳлати докторантура соли 2005 ӯ ба ҳайси омӯзгор, дотсенти кафедраи илмҳои гуманитарии Донишгоҳи Смолний кор кардааст. Муаллифи монография оид ба таърихи журналистикаи Эрон, мақолаҳои зиёди илмӣ оид ба таърихи адабиёт ва забоншиносии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад.

Аз соли 2006 ба ҳайси президенти ҷамъияти «Сомониён» ва раиси ҷамъияти тоҷикон, узви шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федералии муҳоҷират дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград кор кардааст.

Солҳои 2010 — 2020 Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Федератсияи Россия буд.

Соли 2010 дар қатори дигар одамони маъруфи Россия зиндагиномаи М.Мирзод дар китоби «Who is Who» («Кӣ кист») барои хидматҳояш дар соҳаи илм, фарҳанг ва ҳаёти ҷомеаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

Бо фармони Президенти Федератсияи Россия аз 19 феврали соли 2003 ӯ бо медали «Ба муносибати 300-солагии Санкт-Петербург» мукофотонида шудааст.

Вай инчунин бо мукофотҳои дигар, аз ҷумла бо дипломҳои Вазорати корҳои хориҷии Россия ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои хориҷӣ сарфароз шудааст.

Ҳоло ӯ ба ҳайси узви шӯрои магистратураи факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва мудири шуъбаи ҳамкории минтақавии Донишкадаи гуманитарии Балтика кор мекунад.

Оиладор, ду фарзанд ва се набера дорад.

                                                                      АКС аз бойгонӣ

Май 21, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ба имзо расид
Оид ба саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид

Маводҳои таҳлилӣ