137 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Роғун, Рӯдакӣ ва Ёвон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ«Ховар»/. 29 июн маросими гусели 137 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Роғун ва навоҳии Рӯдакиву Ёвон, ки ба истироҳатгоҳи Чангоби шаҳри Ҳисор фиристода мешуданд, баргузор гардид. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Маросими сафарбариву гусели кӯдакон дар назди бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон доир гардид. Раиси Федератсия Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон аз авлавиятҳои сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, баҳри таъмини истироҳати бофароғати онҳо тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Мавсуф афзуд, ки бо ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таҳти назорати қатъии санитарию эпидемиологӣ қарор доштани ҳудуди санитарии мамлакат аз воридот ва эҳтимолиятҳои пайдошавии ҳодисаҳои нави сироят, дар асоси омӯзишҳои ҳамаҷониба, инчунин вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” аз 27 марти соли 2021 бо назардошти дар истироҳатгоҳҳо пешбинӣ намудани таъмини талаботҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, мавҷуд будани нуқтаи тиббӣ, аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои истироҳатӣ гирифтани хулосаи зарурии мусбии мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҳудуди маъмурӣ, ташкили муоинаи тиббии ҳайати кормандон ва хизматрасони истироҳатгоҳҳо бо назардошти озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти КОВИД-19 барои ҳайати кормандон ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон мувофиқи мақсад дониста шуд.
Мавриди зикр аст, ки алҳол маъракаи сафарбарии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад. Дар мавсими соли равон истироҳати кӯдакону наврасон то 3 баст ба нақша гирифта шудааст ва дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.
АКСҲО: ФИКМТ








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






