25-27 июн Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 июни соли равон дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Тавре аз Раёсати байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, пеш аз оғози ин маъракаи фарҳангӣ дар назар аст, ки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия мулоқот намояд.
Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлати дарамавии ба номи Садриддин Айнӣ оғоз мегардад. Инчунин Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Россияро таҳти унвони «Вологодская кружево» ташкил менамояд.
Тибқи барнома, сафари иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия ба шаҳри Норак, НБО-и «Норак», ноҳияи Варзобу Данғара дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони рус пешбинӣ шудааст. Меҳмонон ҳамчунин аз «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахт боздид хоҳанд намуд.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






