Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро дар ноҳияи Данғара ба истифода доданд

Июнь 16, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Бинои беморхонаи сироятӣ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст.

Корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ бо заҳмати софдилонаи мутахассисону сохтмончиёни ватанӣ бо сифати баланд ва тибқи стандартҳои меъмории муосир анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тибқи лоиҳа Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара дорои 200 кат буда, барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам аст.

Ошёнаи якуми беморхона 18 ҳуҷраи корӣ дошта, дар он шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои функсионалӣ, шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва паразитологӣ, ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи дуюм 19 ҳуҷраи корию ташхисӣ, шуъбаҳои табобатӣ, кӯдакона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд, бунёд шудааст.

Бинои беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат дар давраи пандемияи бемории сироятии Ковид-19 бунёд гардида, барои саривақт табобат кардани маризоне, ки ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудаанд, шароити муосир фароҳам омад.

Ошёнаи чоруми беморхона аз 29 ҳуҷра иборат буда, дар он бемориҳои зардпарвин ва касалиҳои сироятии махсусан хафнок табобат карда мешавад. Дар маҷмуъ беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дорои қариб 120 ҳуҷра барои беморон мебошад.

Дар асоси лоиҳа дар ошёнаи панҷум кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷойгир буда, бо тамоми дастгоҳу лавозимоти таҳсил таъмин мебошад. Дар беморхонаи мазкур табибони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб карда шуда, аз ин пас онҳо, донишу таҷрибаи андӯхтаи хешро самаранок истифода мебаранд ва беморонро саривақт табобат мекунанд. Дар оянда дар ин беморхона табибони ҷавони донишманду лаёқатманд аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Хатлон ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ҳангоми боздиди Пешвои миллат аз беморхона, табибон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба кормандони соҳаи тиб, махсусан дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табибон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми фаъолият, бо беморон пеш аз ҳама хушмуомила бошанд, зеро бемор бештар аз дигарон ба муомила ва сухани хуб муҳтоҷ аст, яъне табиб ҳам бо дорую дармон ва ҳам бо рафтору гуфтор шахси беморро муолиҷа ва табобат мекунад.

Акнун табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ, ки дар ин ҷо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат муҳайё гардидааст, фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, ба мардум хизмати бо сифати тиббӣ мерасонанд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи махсусгардонидашудаи сироятӣ, дар оянда кори табибонро ҷиҳати пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи маризиҳои хавфноки сироятӣ боз ҳам босамар хоҳад кард.

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ва амалисозии барномаҳои миллӣ соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ ба хусус дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рушду пешрафт карда, дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки давлат ба шумор меравад.

Дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббии имрӯза тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳии Данғара мебошад.

Ифтитоҳи Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара 16.06.2021

Июнь 16, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд