40 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соҳиби «Дипломи аъло» шуданд

Июнь 4, 2021 11:35

ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 40 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино донишгоҳро бо баҳои аъло ҷамъбаст намуда, соҳиби  «Дипломи аъло» шуданд.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  3 июн дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон маросими хатми  донишҷӯён доир шуда, 1572 нафар донишҷӯён донишгоҳро хатм намуданд.

Дар маросими хатми донишгоҳ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки хамткунандагони имрӯзаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки табибони оянда мебошанд, бояд ворисони воқеии Синои бузург бошанду афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома диҳанд ва дар фаъолият содиқонаю софдилона ба давлату миллат хизмат намоянд. Зеро хатми бомуваффақияти ин муассисаи бонуфузи таълимӣ худ мояи ифтихор мебошад.

Ба гуфтаи  Ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода Донишгоҳ дар тӯли фаъолияти босамари худ  50 ҳазор мутахассиси дорои таҳсилоти олии тиббиро омода намудааст, ки онҳо на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ  бо касбияти баланд  машҳур гардида, нуфузи донишгоҳ ва Тоҷикистонро боло бурдаанд

Инчунин Маҳмадшоҳ Гулзода изҳори итминон  намуд, ки хатмкунандагон аз уҳдаи вазифаҳои дар пеш истода ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва тандурустӣ идома хоҳанд дод.

Дар анҷоми ҳамоиши хатмкунандагон маросими ёд намудани «Савганди табиб (Ҳиппократ)» бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ доир шуда, «Суруди табибон» садо дод.

АКС: аз сомонаи ДДТТ

Июнь 4, 2021 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид