Рӯнамоии китоби «Эмомалӣ Раҳмон жасорати» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Июнь 8, 2021 16:46

ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯномоии се асари адибони маъруфи кишвар Ато Ҳамдам ва шодравон Леонид Чигрин бо номҳои «Эмомалӣ Раҳмон жасорати» («Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»), «Буюк ипак йўлӣ» («Шоҳроҳи Абрешим»), «Икки Пешво жасорати» («Корномаи ду Пешво») баргузор  гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ҳамоиш адибони тоҷик, меҳмонон аз ҷумҳурии ҳамсоя, намояндаҳои сафорати Ҷумҳури Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва идораву муассисаҳои фарҳангии Душанбе  ширкат намуданд.

Бояд зикр намуд, ки ин иқдом бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат  гирифт.

Китоби мазкурро яке аз нависандагон ва тарҷумонҳои ӯзбекзабони кишвар, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Омонбой Жуманов тарҷума кардааст.

  АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 8, 2021 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд