7 км роҳи деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 км роҳи деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд мумфарш карда мешавад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ноҳия ба пешвози ҷашни миллӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои асфалтпӯшкунии 7 км роҳи деҳаи Ободӣ оғоз грдиданд. Саҳми сокинони деҳа низ дар ободонии маҳал назаррас буда, мардум бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни таърихӣ бо иҷрои рисолати шаҳрвандӣ хонаву манзил ва кӯчаву маҳаллаи худро обод намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳристон ба истиқболи бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ бунёди зиёда аз 112 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, як зумра иншооти ҷашни аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст. Иншооти банақшагирифта асосан бунёди бунгоҳу марказҳои тиббӣ, роҳу пулҳои нақлиётгард, муассисаҳои замонавии таълимӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва корхонаи хурду бузурги истеҳсолиро дар бар мегирад.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






