7 км роҳи деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон мумфарш карда мешавад

Июнь 26, 2021 10:26

ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 км роҳи деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд  мумфарш карда мешавад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар  ноҳия ба пешвози ҷашни миллӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои асфалтпӯшкунии 7 км роҳи деҳаи Ободӣ оғоз грдиданд. Саҳми сокинони деҳа  низ дар ободонии маҳал назаррас буда, мардум бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни таърихӣ  бо иҷрои рисолати шаҳрвандӣ хонаву манзил ва кӯчаву маҳаллаи худро обод намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳристон ба истиқболи бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар маҷмӯъ бунёди зиёда аз 112 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда,  як зумра иншооти ҷашни  аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст. Иншооти банақшагирифта асосан бунёди бунгоҳу марказҳои тиббӣ, роҳу пулҳои нақлиётгард, муассисаҳои замонавии таълимӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва корхонаи хурду бузурги истеҳсолиро дар бар мегирад.

Июнь 26, 2021 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад