ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Исфара 420 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд

Июнь 20, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 20.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  бунёди 457 иншоот ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли равон  сохтмони  22 иншоот пешбинӣ ва то имрӯз 14 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, то ин давра 420 иншоот бунёд ва таъмиру навсозӣ гардидааст, ки баробари 91,9 фоизи нақшаи умумӣ мебошад.

Дар ин бора зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода зимни ин сафар бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Раиси вилоят зимни сафар корҳои сохтмониро дар иншооти гуногун, аз ҷумла марказҳои савдову хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, корхонаҳои саноатӣ, инчунин азхудкунии заминҳои нав ва бунёди ва ташкили боғоти суперинтенсивиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо, истифодаи самараноки замин супоришҳои мушаххас дод.

Аксҳо аз  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд 

Июнь 20, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд