ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Исфара 420 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 457 иншоот ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли равон сохтмони 22 иншоот пешбинӣ ва то имрӯз 14 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, то ин давра 420 иншоот бунёд ва таъмиру навсозӣ гардидааст, ки баробари 91,9 фоизи нақшаи умумӣ мебошад.
Дар ин бора зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода зимни ин сафар бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Раиси вилоят зимни сафар корҳои сохтмониро дар иншооти гуногун, аз ҷумла марказҳои савдову хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, корхонаҳои саноатӣ, инчунин азхудкунии заминҳои нав ва бунёди ва ташкили боғоти суперинтенсивиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо, истифодаи самараноки замин супоришҳои мушаххас дод.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Дар назди Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Cоли 2025 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон беш аз 27 фоиз зиёд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
Дар Хатлон ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор шуд
Дар самти рақамикунонӣ Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ беш аз даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расонид
Дар мавзеи Ҳафтзағораи Панҷакент боғи нав бунёд мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
Соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна гандум ворид карда шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун кишти картошка идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 14,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд






