Ҳайати ҳунармандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад

Июнь 8, 2021 17:12

ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ҳунармандони маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳайати зиёда аз 100 нафар овозхонҳо, мақомсароён, мутрибон ва  раққосон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба шаҳри Душанбе омаданд.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давалатзода   ва муовини аввали ӯ Обид Назариён истиқбол  гирифтанд.

Ҳунармандони ӯзбек дар барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон   «Шоми дӯстӣ», ки 10 июни соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»  бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Дар барномаи муштараки консертӣ аз ҷониби Тоҷикистон зиёда аз 150 нафар ҳунармандони шинохтаи кишвар ба шумули Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва Адҳам Холиқов, сарояндагони ҷавону бомаҳорат Тулқун Тоҷибоев, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ансамблҳои рақсии «Гулрез», «Ҷаҳоноро», «Лола», «Парасту», «Базморо» ва ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов, аз ҷониби  кишвари ҳамсоя Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Элмурод Аҳмадов, гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии «Ӯзбекистон» ва «Тошкент зеболари» иштирок хоҳанд кард.

Дар Вазорати фарҳанги ҶТ ба АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки тамрин ва тайёрии ҳунармандони тоҷку ӯзбек аллакай шуруъ шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли равон сурат мегирад.

                                          АКСҲО аз   Вазорати фарҳанги ҶТ

Июнь 8, 2021 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд