Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДДМБМ-и ВКХ-и Россия созишнома имзо карданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн дар Москва мулоқоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИДПҶТ) Абдухалил Ғафурзода ва муовини ректор оид ба рушди Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Россия (ДДМБМ) – роҳбари дастгоҳи ректор Артём Малгин баргузор гардид. Зимни мулоқот созишномаи ҳамкорӣ байни АИДПҶТ ва ДДМБМ ба имзо расид.
Дар мулоқот инчунин муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии АИДПҶТ Сомон Исматзода ва директори Мактаби тиҷорат ва салоҳиятҳои байналмилалии ДДМБМ Анжелика Мирзоева ширкат варзиданд.
Тибқи санади имзошуда, ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии барномаҳои таълимии муштарак, сафарбарии академӣ, ташкили таҷрибаомӯзии кутоҳмуддат ва дарозмуддат ва курсҳои бозомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷонибҳо инчунин доир ба баргузор намудани машғулиятҳои муштараки илмию амалӣ ва нашри асарҳои муштараки илмию таълимӣ ба мувофиқа расиданд.
Акс аз ДДМ








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






