«Сиёсат. Ангуштони як мушт бошем!», «Пешвози офтоб»,- шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии мамлакат рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро инъикос намуданд.
«Ҷумҳурият»-Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи сешанбе, 1 июни соли 2021 дар радифи нашри хабару гузоришҳои расмӣ аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои мамлакат, ҳамчунин дар мавиди Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон матолиби гуногун нашр намудааст. Аз ҷумла, «Данғара: ҳадаф — ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон», «Ганҷҳои бебаҳо» «Ояндаи кӯдакони мо дурахшон мегардад агар…». Ҳамзамон мақолаҳо таҳти унвони «Вақте офтоб ғуруб кард…», «Писари Ватан»-намунаи олии шуҷоат ва ҷавонмардӣ», «Сиёсат. Ангуштони як мушт бошем!», «Дар бораи падар хотираҳои Масъуд Турсунзода», «Шириншоҳ Шоҳтемур қаҳрамони романи нонавишта» ва ғайраро чоп намудааст. Инчунин дар ин шумора, шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба ифтихори 110-солагии устод Мирзо Турсунзода бо номи «Пешвози офтоб» нашр шудааст.
Дар шумораи рӯзи чоршанбе, 2 июни соли 2021 «Ҷумҳурият» дар мавриди Сафари расмии Пешвои миллат ба Покистон хабар нашр карда, мақолаҳоро таҳти унвони «Шириншоҳ Шоҳтемур чеҳраи мондагори таърихӣ», «Пешвои миллат ва ҷавонон», «Қалби саршор аз муҳаббат», «Мирзо Турсунзода ва санъати мусиқӣ» ба табъ расонидааст. Дар мақолаи «Мирзо Турсунзода ва санъати мусиқӣ», ки он ба қалами муовини ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода оид ба корҳои эҷодӣ, номзади илмҳои педагогика, дотсент Баҳрулло Нарзуллоев тааллуқ дорад, дарҷ шудааст, ки хизматҳои Мирзо Турсунзода дар рушд ва ташаккули намудҳои гуногуни драматургияи тоҷик (инсенировка, пйеса, драмаи мусиқӣ, либерттои опера ва балет, киноповест) ва ғайра низ хеле назаррас аст.
Ҳамзамон дар ин шумора хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд мақолаҳои хонданбобро, ба мисли «Сабзӣ- ҷаҳиши рекордии нархи он дар бозор», «Тосқалъа. Сад ҳайфи осоишгоҳ», «Суғд самаранокии гармхонаҳо беҳбудӣ мехоҳад» ва дигар хабарҳоро мутолиа намоянд.
«Садои мардум»-нашрияи Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси Олӣ дар шумораи рӯзи сешанбе, 1 июни соли 2021 доир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъйин ва пардохт мегардад, инчунин «Баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ дар Маҷлиси миллӣ», «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» хабару гузориш интишор намудааст. Ҳамзамон дар ин шумора аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон ва мақолаҳо дар мавзӯи «Саҳми иқтидори энергетикии Тоҷикистон дар рушди минтақа», «Тавсеаи киносозони Тоҷикистону Ўзбекистон» ва дигар хабарҳои ҷолибро таҳия намуда, пешкаши хонандагон намудааст.
«Народная газета»-нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи чоршанбе, 2 июни соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмӣ доир ба «Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Покистон ташриф овард» хабару гузоришҳои расмӣ чоп намудааст. Инчунин дар ин шумора хонандагони «Народная газета» метавонанд мақолаҳои зеринро аз ҷумла: «Аминджон Одинаев: ШОС играет конструктивную роль в экономическом развитии», «Гулистон в преддверии главного праздника страны», «Агитационная работа в городах и районах республики», «Мы против террора ТЭО ПИВ организовывала теракты в отношении российских граждан», «Решительный шаг к дружеском отношению по использованию трансграничных рек» ва ғайраро мутолиа намоянд.
«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи рӯзи чоршанбе, 2 июни соли 2021 дар шумораи аввали нашрия оид ба маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон хабар нашр карда, дар саҳифаҳои баъдӣ мусоҳиба бо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Ҳизби мо тарғибгари ғояҳои созандаи Истиқлол аст», «Нақши ҷавонон дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ», «Тавсифи Истиқлол ва нақши миллат», «Аз рӯзгор шукргузор бошем», «Дар тарбияи насли наврас ҳамагон вазифадорем», «Ҳаргиз зи даст домани меҳан надиҳем» ва дигар маводҳои пурмуҳтаво рӯи чоп омадаанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд






