«Сиёсат. Ангуштони як мушт бошем!», «Пешвози офтоб»,- шарҳи матбуот

Июнь 3, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти  даврии мамлакат рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро  инъикос  намуданд.

«Ҷумҳурият»-Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи сешанбе,  1 июни соли 2021 дар радифи нашри хабару гузоришҳои расмӣ аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои мамлакат, ҳамчунин дар мавиди Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон  матолиби гуногун  нашр намудааст. Аз ҷумла, «Данғара: ҳадаф — ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон», «Ганҷҳои бебаҳо» «Ояндаи кӯдакони мо дурахшон мегардад агар…». Ҳамзамон мақолаҳо таҳти унвони «Вақте офтоб ғуруб кард…», «Писари Ватан»-намунаи олии шуҷоат ва ҷавонмардӣ», «Сиёсат. Ангуштони як мушт бошем!», «Дар бораи падар хотираҳои Масъуд Турсунзода», «Шириншоҳ Шоҳтемур қаҳрамони романи нонавишта» ва ғайраро чоп намудааст. Инчунин  дар ин шумора,  шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба ифтихори 110-солагии  устод Мирзо Турсунзода бо номи «Пешвози офтоб» нашр шудааст.

Дар шумораи рӯзи  чоршанбе,  2 июни соли 2021  «Ҷумҳурият» дар мавриди Сафари расмии Пешвои миллат ба Покистон хабар нашр карда, мақолаҳоро таҳти унвони «Шириншоҳ Шоҳтемур чеҳраи мондагори таърихӣ», «Пешвои миллат ва ҷавонон», «Қалби саршор аз муҳаббат», «Мирзо Турсунзода ва санъати мусиқӣ» ба табъ расонидааст. Дар мақолаи  «Мирзо Турсунзода ва санъати мусиқӣ», ки он ба қалами муовини ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода оид ба корҳои эҷодӣ, номзади илмҳои педагогика, дотсент Баҳрулло Нарзуллоев тааллуқ дорад, дарҷ шудааст, ки хизматҳои Мирзо Турсунзода дар рушд ва ташаккули намудҳои гуногуни драматургияи тоҷик (инсенировка, пйеса, драмаи мусиқӣ, либерттои опера ва балет, киноповест) ва ғайра низ хеле назаррас аст.

Ҳамзамон дар ин шумора хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд мақолаҳои хонданбобро, ба мисли «Сабзӣ- ҷаҳиши рекордии нархи он дар бозор», «Тосқалъа. Сад ҳайфи осоишгоҳ», «Суғд самаранокии гармхонаҳо беҳбудӣ мехоҳад» ва дигар хабарҳоро мутолиа намоянд.

«Садои мардум»-нашрияи Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси Олӣ дар шумораи рӯзи  сешанбе, 1 июни соли 2021 доир ба  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъйин ва пардохт мегардад, инчунин «Баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ дар Маҷлиси миллӣ», «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо»  хабару гузориш интишор намудааст. Ҳамзамон дар ин шумора аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон ва мақолаҳо дар мавзӯи «Саҳми иқтидори энергетикии Тоҷикистон дар рушди минтақа», «Тавсеаи киносозони Тоҷикистону Ўзбекистон» ва дигар хабарҳои ҷолибро таҳия намуда, пешкаши хонандагон намудааст.

«Народная газета»-нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи чоршанбе,  2 июни соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмӣ доир  ба «Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Покистон ташриф овард» хабару гузоришҳои расмӣ чоп намудааст. Инчунин дар ин шумора хонандагони «Народная газета» метавонанд мақолаҳои зеринро аз ҷумла: «Аминджон Одинаев: ШОС играет конструктивную роль в экономическом развитии», «Гулистон в преддверии главного праздника страны», «Агитационная работа в городах и районах республики», «Мы против террора ТЭО ПИВ организовывала теракты в отношении российских граждан», «Решительный шаг к дружеском отношению по использованию трансграничных рек» ва ғайраро мутолиа намоянд.

«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи рӯзи чоршанбе, 2 июни  соли 2021 дар шумораи аввали нашрия оид ба маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон хабар нашр карда,  дар саҳифаҳои баъдӣ мусоҳиба бо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ   дар мавзӯи «Ҳизби мо тарғибгари ғояҳои созандаи Истиқлол аст», «Нақши ҷавонон дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ», «Тавсифи Истиқлол ва нақши миллат», «Аз рӯзгор шукргузор бошем», «Дар тарбияи насли наврас ҳамагон вазифадорем», «Ҳаргиз зи даст домани меҳан надиҳем» ва дигар маводҳои пурмуҳтаво рӯи чоп омадаанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Июнь 3, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст