Аз 31 май то 12 июн дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис баргузор мегардад

Июнь 1, 2021 11:06

ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 май дар Қасри тенниси тобистонаи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис «Тоҷикистон Опен» байни ҷавонону наврасони синни аз 13 то 18- сола оғоз гардид.

Тавре аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур писарону духтарони теннисбоз аз 11 давлати дунё: Германия, Англия, Словения, Беларус, Украина, Туркманистон, ИМА, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон,  дар маҷмӯъ 64 –  варзишгар барои ба даст овардан медал ва холҳои касбӣ рақобат менамоянд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5  нафар варзишгар -Иссам Шарифов, Аминҷон Абдуллоев, Сомон Амонов, Диана Иванихина ва Сумая Тухтаева иштирок доранд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни ҷавонону наврасон то 12 июни соли равон идома ёфта,  ҳамарӯза аз соати 09:00 то 18:00 баргузор мегардад.

АКС: аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон

Июнь 1, 2021 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид