Аз 31 май то 12 июн дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 май дар Қасри тенниси тобистонаи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис «Тоҷикистон Опен» байни ҷавонону наврасони синни аз 13 то 18- сола оғоз гардид.
Тавре аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур писарону духтарони теннисбоз аз 11 давлати дунё: Германия, Англия, Словения, Беларус, Украина, Туркманистон, ИМА, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 64 – варзишгар барои ба даст овардан медал ва холҳои касбӣ рақобат менамоянд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 нафар варзишгар -Иссам Шарифов, Аминҷон Абдуллоев, Сомон Амонов, Диана Иванихина ва Сумая Тухтаева иштирок доранд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни ҷавонону наврасон то 12 июни соли равон идома ёфта, ҳамарӯза аз соати 09:00 то 18:00 баргузор мегардад.
АКС: аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






