Азим Иброҳим ва Муҳаммад Довуд Султонзуй бо мақсади рушди тиҷорат соддагардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалиро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Шаҳрдори Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй дар мулоқоташон бо мақсади рушди тиҷорат, тадбирҳои заруриро дар самти содда гардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ, тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусоҳибон зимни вохӯрӣ аз ҳамкории дуҷониба байни ду кишвари ҳамҷавор изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки барои густариши ҳамкорӣ ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Афғонистон чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Тибқи хабари манбаъ мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Шаҳрдори шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй ва ҳайати ҳамроҳони вай дар фазои дӯстиву бародарӣ сурат гирифт.
Акс аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






