Азим Иброҳим ва Муҳаммад Довуд Султонзуй бо мақсади рушди тиҷорат соддагардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалиро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд

Июнь 8, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/.  Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Шаҳрдори  Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй дар  мулоқоташон бо мақсади рушди тиҷорат, тадбирҳои заруриро дар самти содда гардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ, тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон зимни вохӯрӣ аз ҳамкории дуҷониба байни ду кишвари ҳамҷавор изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки барои  густариши ҳамкорӣ ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Афғонистон чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Тибқи хабари  манбаъ мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон  Азим Иброҳим бо Шаҳрдори шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй ва ҳайати ҳамроҳони вай дар фазои дӯстиву бародарӣ сурат гирифт.

Акс аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Июнь 8, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст