Ба кишоварзони Турсунзода барои содироти ангур ба хориҷи Тоҷикистон кумак мерасонанд

Июнь 10, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан ангур ба хориҷи мамлакат машварати корӣ  баргузор шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар машварат муовини раиси шаҳри Турсунзода  Ғафурҷон Собирзода изҳор дошт, ки «тибқи маълумоти кишоварзон соли равон  ҳосили ангури хушсифат дар токзорҳои шаҳр нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд буда, барои  содироти он  ба хориҷи кишвар  ба деҳқонон  танҳо  дар   барасмиятдарории гумрукӣ мусоидат намоянд, чунки  дар ин раванд  ҳуҷҷати сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ, шаҳодатномаи мутобиқати стандартӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд.

 -Бо мақсади дастгирии кишоварзон ва сарфа намудани вақти онҳо  дар самти содироти ангур ба хориҷи мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  дар назди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов аз ҳисоби мутахассисони соҳаи гумрук, «Тоҷикстандарт» ва дигар мақомоти дахлдор дафтари корӣ  таъсис медиҳад. Дар ин замина аз ҷониби мутахассисон омода кардани ҳуҷҷатҳо ва декларатсияи маҳсулот дар маҳал иҷро гардида, ҳамлу нақл ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулот осонтару дастрас  гардида, маҳсулот аз маҳали истеҳсол ба содирот равона мегардад, -иттилоъ дод муовини Раиси шаҳри Турсунзода  Ғафурҷон Собирзода.

Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо кишоварзон ҷиҳати саривақт ба содирот баровардани маҳсулоти кишоварзӣ  ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Дар машварат ҳамчунин намояндагони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, Маркази ташхиси минтақавии “Тоҷикстандарт”, Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Турсунзода ва хоҷагидорони деҳоти мазкур  иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки деҳқонону ангурпарварони шаҳри Турсунзода соли 2020 коркарди ангурро ба таври густурда ба роҳ монда, дар натиҷа 150 тонна мавиз омода намуданд, ки  90 тоннааш ба хориҷи мамлакат,  асосан ба кишварҳои ҳамҷавори Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир гардид.

Хотиррасон мешавем, ки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан хушкмева  ва содироти он ба хориҷи мамлакат  зери таваҷҷуҳи доимии  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт деҳқонону  ангурпарварони шаҳри Турсунзода, ки таҷрибаи бой доранд, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон–таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муассир мегузоранд.

Деҳқонону ангурпарварони шаҳр ба коркарди ангур хеле ҳавасманд буда, аз ин ҳисоб ҳамасола фоидаи калон ба даст меоранд.

Аксҳо аз МИҲД-и шаҳри Турзунзода ва бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд