Ба кишоварзони Турсунзода барои содироти ангур ба хориҷи Тоҷикистон кумак мерасонанд

Июнь 10, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан ангур ба хориҷи мамлакат машварати корӣ  баргузор шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар машварат муовини раиси шаҳри Турсунзода  Ғафурҷон Собирзода изҳор дошт, ки «тибқи маълумоти кишоварзон соли равон  ҳосили ангури хушсифат дар токзорҳои шаҳр нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд буда, барои  содироти он  ба хориҷи кишвар  ба деҳқонон  танҳо  дар   барасмиятдарории гумрукӣ мусоидат намоянд, чунки  дар ин раванд  ҳуҷҷати сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ, шаҳодатномаи мутобиқати стандартӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд.

 -Бо мақсади дастгирии кишоварзон ва сарфа намудани вақти онҳо  дар самти содироти ангур ба хориҷи мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  дар назди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов аз ҳисоби мутахассисони соҳаи гумрук, «Тоҷикстандарт» ва дигар мақомоти дахлдор дафтари корӣ  таъсис медиҳад. Дар ин замина аз ҷониби мутахассисон омода кардани ҳуҷҷатҳо ва декларатсияи маҳсулот дар маҳал иҷро гардида, ҳамлу нақл ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулот осонтару дастрас  гардида, маҳсулот аз маҳали истеҳсол ба содирот равона мегардад, -иттилоъ дод муовини Раиси шаҳри Турсунзода  Ғафурҷон Собирзода.

Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо кишоварзон ҷиҳати саривақт ба содирот баровардани маҳсулоти кишоварзӣ  ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Дар машварат ҳамчунин намояндагони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, Маркази ташхиси минтақавии “Тоҷикстандарт”, Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Турсунзода ва хоҷагидорони деҳоти мазкур  иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки деҳқонону ангурпарварони шаҳри Турсунзода соли 2020 коркарди ангурро ба таври густурда ба роҳ монда, дар натиҷа 150 тонна мавиз омода намуданд, ки  90 тоннааш ба хориҷи мамлакат,  асосан ба кишварҳои ҳамҷавори Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир гардид.

Хотиррасон мешавем, ки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан хушкмева  ва содироти он ба хориҷи мамлакат  зери таваҷҷуҳи доимии  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт деҳқонону  ангурпарварони шаҳри Турсунзода, ки таҷрибаи бой доранд, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон–таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муассир мегузоранд.

Деҳқонону ангурпарварони шаҳр ба коркарди ангур хеле ҳавасманд буда, аз ин ҳисоб ҳамасола фоидаи калон ба даст меоранд.

Аксҳо аз МИҲД-и шаҳри Турзунзода ва бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст