Ба китобхонаҳои минтақаи Кӯлоб 1888 нусха китоб ҳадя гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии «Таъмин ва савдои китоб»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корвони китоб» ба шаҳри Кӯлоб расид ва ба китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақа 1888 нусха китобро, ки маблағи он 39 ҳазору 387 сомониро ташкил медод, ба таври ройгон тақдим намуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҳамзамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ҳамарӯзаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуррагардонии захираи китобии китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» роҳандозӣ гардидааст.
Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Таъмин ва савдои китоб»-и назди Вазорати фарҳанг Содиқи Завқӣ гуфт, ки “ҳадаф ва моҳияти ин амал, пеш аз ҳама, рушду густариш, баланд бардоштани савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии сокинони ҷумҳурӣ мебошад».
Аксҳо аз Вазорати фарҳанг










ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






