Ба китобхонаҳои минтақаи Кӯлоб 1888 нусха китоб ҳадя гардид

Июнь 14, 2021 14:57

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси  Корхонаи воҳиди  давлатии «Таъмин ва савдои китоб»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Корвони китоб» ба шаҳри  Кӯлоб расид ва  ба китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақа 1888 нусха китобро, ки  маблағи он 39 ҳазору 387 сомониро ташкил медод,  ба таври ройгон тақдим намуд.

Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҳамзамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ҳамарӯзаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуррагардонии захираи китобии китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» роҳандозӣ гардидааст.

Директори Корхонаи воҳиди  давлатии «Таъмин ва савдои китоб»-и назди Вазорати фарҳанг Содиқи  Завқӣ гуфт, ки “ҳадаф ва моҳияти ин  амал, пеш аз ҳама, рушду густариш, баланд бардоштани  савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии  сокинони ҷумҳурӣ мебошад».

Аксҳо аз Вазорати фарҳанг

Июнь 14, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҚДОМИ НАКӮИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ташкил гардид
«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд
Сарбоз Ҳасани Назар: «Шароити муҳайëгардида дар қисмҳои низомӣ имкон дод, ки дониши худро сайқал дода, сазовори 70000 сомонӣ шавам»
Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд
««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» ҷамъбаст гардид