Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» тағйирот ворид мегардад

Июнь 14, 2021 13:51

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ»,  «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тайғирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Қонуни амалкунанда соли 2012 қабул гардида, аз 3 боб ва 15 модда иборат буда, ба танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳое, ки ба таъмини амнияти нақлиётӣ ва фаъолияти устувори маҷмӯи нақлиёт вобастаанд, равона гардидааст.

Тибқи лоиҳаи баррасишаванда пешниҳод мегардад, ки дар сархати чорум ва  ҳаштуми моддаи 1: Қонуни амалкунанда калимаҳои «мақоми», «ваколатдор» ва «мақоми» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти», «муайян» ва «мақомоти» иваз карда шаванд.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» Амонулло Хайрулло таъкид намуд, ки қонуни амалкунанда соли 2004 қабулгардида, ба он 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Вале, то ҳол норасогиҳои меъёрӣ дар қонуни амалкунанда ҷой дошта, зарурати мувофиқ намудани муқаррароти он ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.

Мутобиқи қисми 1 лоиҳа ба моддаи 3 қонун, ки ба масъалаҳои ҳуқуқҳои истеъмолкунанда дахл доранд, илова намудани сархати сеюм ва иваз намудани сархати ҳафтум бо мазмуни зерин пешниҳод карда мешавад: ба дастрасӣ ба иттилоот дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмол- кунандагон; ба иваз намудан ё  баргардондани моли дорои сифати номатлуб.

Мувофиқ ба талаботи қисми 2 лоиҳа вобаста ба қисми ҳаштуми моддаи 6 қонун зарурати иваз намудани калимаҳои «зарари аз ин кашидаи истеъмолкунандаро» ба калимаҳои «зарари ба истеъмолкунанда расидаро» дида мешавад.

Дар асоси қисми 3 лоиҳа дар қисмҳои шашум ва даҳуми моддаи 18 қонуниваз намудани калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро ба аъзои Шӯро раиси  кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода муаррифӣ намуда, иброз намуд, ки мақсад аз ворид намудани тайғиру иловаҳо мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи сиёсати давлатӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ мебошад.

Бо ин мақсад дар моддаи 10 ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ мушаххас гардонидашуда, қисми 3 ба моддаи 11 оид ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ нисбат ба  назорати риояи меъёру қоидаҳо, регламентҳои техникии шаҳрсозӣ, таҳияи барномаҳои соҳавӣ, санадҳои меъёрӣ, харитаҳои сейсмикии маҳалҳои аҳолинишин ва амалӣ намудани дигар ваколатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шудааст.

АКС аз Маҷлиси намояндагон

 

Июнь 14, 2021 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ниҳодҳои парлумонӣ дар ҳошияи Конфронси 28 ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок менамояд
Дар Душанбе бо вакилони Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД иштирок намуданд
Дар Парлумон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» баррасӣ гардид
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова ба ин савол посух дод
Рушди ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд