Ба сардорони 6 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш калиди хонаҳои навашон супорида шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн ба сардорони 6 оилаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш, ки сохтмони манзили истиқоматии онҳо ба анҷом расиданд, калиди хонаҳои навашон тақдим карда шуд. Хонаҳои бунёдгардида 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд. Дар ин мавзеъ то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрчаи нави замонавӣ бунёд мегардад.Бо дастури Пешвои миллат дар ин деҳа, ки беш аз 400 хоҷагӣ дорад, давоми 6 моҳи оянда мактаб ва бунгоҳи тиббӣ низ бунёд хоҳад ёфт.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар маросими мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, полковник Сулаймон Исозода, инчунин роҳбарияти ноҳияи Вахш иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2021 дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дар натиҷаи боришоти борони зиёд, омадани сел 41 хонаи истиқоматии шаҳрвандон пурра хароб шуда буд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва навсозии хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор доранд.










ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






