Ба сокинони шаҳри Кӯлоб 33 ҳазору 400 дона шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» тақдим гардид

Июнь 21, 2021 16:41

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз туҳфаи гаронарзиш аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Кӯлоб тақдим гардид. Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо,  ба сокинони шаҳри Кӯлоб 33 ҳазору 400 дона китоб тақдим гардид, ки аз субҳи барвақт китобҳои мазкур бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ҷамоатҳои шаҳр ирсол  гардида истодаанд.

Мавсуф зикр намуд, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар фарди худогоҳи мамлакат ғизои маънавӣ бахшида, шинохти ӯро дар таърихи гузаштаи пурифтихори миллаташ бештар менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

Июнь 21, 2021 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд