Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд

Июнь 18, 2021 16:14

ДУШАНБЕ,18.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия SYKE оид ба рушди мониторинги сатҳи  болои об дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифати об ва ҳамкорӣ (марҳилаи 2) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Санади мазкурро аз ҷониби  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва аз ҷониби Финляндия сафири Вазорати корҳои хориҷии Финляндия  Мария Лийвала ба имзо расониданд.

Тибқи иттилои  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ин санад зимни вохӯрии маҷозии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва сафири Вазорати корҳои хориҷии Финляндия  Мария Лийвала  имзо  гардид.

Ҳадафи асосии лоиҳа тақвияти иқтидори мутахассисони лабораторияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (озмоишгоҳи Маркази назорати таҳлилӣ, озмоишгоҳи обҳои рӯизаминии Агентии гидрометеорология ва лабораторияҳои минтақавӣ), ки мунтазам сифати обро таҳлил мекунанд, мебошад.  Кор дар ин самт бояд бо назардошти стандартҳои байналмилалии мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ идома дода шавад.Ёддошти тафоҳум татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа -давраи солҳои 2021-2023-ро пешбинӣ намудааст. Лоиҳаи мазкур бо кӯмаки молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия амалӣ карда мешавад.

    Акси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ

Июнь 18, 2021 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад