Беҳтарин донандагони китоби «Тоҷикон» миёни хонандагон ва донишҷӯёни вилояти Хатлон муайян гардиданд

Июнь 25, 2021 15:45

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар вилояти Хатлон даври сеюми маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид.

Дар озмуни мазкур беш аз 25 нафар иштирок намуда,  миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷойи якум Мунира Бобоева аз шаҳри Кӯлоб, ба ҷойи дуюм Саёҳат Назарова аз ноҳияи Восеъ ва ба ҷойи сеюм Тоиршои Қадамшо аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шарафёб гардиданд. Миёни  донишҷӯён ҷойи аввалро Шарифхон Азизӣ аз шаҳри Бохтар, ҷойи дуюмро Муборакшоҳ Юсуфов аз ноҳияи Данғара ва ҷойи сеюмро Шаҳноза Шарифова аз ноҳияи Ҷайҳун сазовор  шудаданд.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар озмуни мазкур Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, устодону донишҷӯён ва падару модарони иштирокчиёни озмун ширкат доштанд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроия Беҳрӯз Бобоев озмунро оғоз намуда, зикр кард, ки ин озмун бо мақсади таҳким бахшидани донишу малакаи хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ чунин озмунҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.

Қиёмиддин Миралиён гуфт, ки нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар омӯзиши таърихи кишвар  бузург аст, зеро дар  он  доир ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба таври фаррох маълумот гирд оварда  шудааст.

«Мақсади ба ҳар як хонавода тақдим намудани китоби “Тоҷикон” аз ҷониби Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамин аст, ки сокинони  мамлакат  оид ба таърихи пурғановати мардуми тоҷик огаҳии комил дошта бошанд», – иброз намуд номбурда.

Дар интиҳо ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ мушарраф гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони озмуни мазкур барои ширкат дар даври ҷумҳриявӣ роҳхат дарёфт намуданд.

Акс аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Июнь 25, 2021 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
Аввалин сомонаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд