Беҳтарин донандагони китоби «Тоҷикон» миёни хонандагон ва донишҷӯёни вилояти Хатлон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар вилояти Хатлон даври сеюми маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид.
Дар озмуни мазкур беш аз 25 нафар иштирок намуда, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷойи якум Мунира Бобоева аз шаҳри Кӯлоб, ба ҷойи дуюм Саёҳат Назарова аз ноҳияи Восеъ ва ба ҷойи сеюм Тоиршои Қадамшо аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шарафёб гардиданд. Миёни донишҷӯён ҷойи аввалро Шарифхон Азизӣ аз шаҳри Бохтар, ҷойи дуюмро Муборакшоҳ Юсуфов аз ноҳияи Данғара ва ҷойи сеюмро Шаҳноза Шарифова аз ноҳияи Ҷайҳун сазовор шудаданд.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар озмуни мазкур Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, устодону донишҷӯён ва падару модарони иштирокчиёни озмун ширкат доштанд.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроия Беҳрӯз Бобоев озмунро оғоз намуда, зикр кард, ки ин озмун бо мақсади таҳким бахшидани донишу малакаи хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ чунин озмунҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Қиёмиддин Миралиён гуфт, ки нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар омӯзиши таърихи кишвар бузург аст, зеро дар он доир ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба таври фаррох маълумот гирд оварда шудааст.
«Мақсади ба ҳар як хонавода тақдим намудани китоби “Тоҷикон” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамин аст, ки сокинони мамлакат оид ба таърихи пурғановати мардуми тоҷик огаҳии комил дошта бошанд», – иброз намуд номбурда.
Дар интиҳо ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ мушарраф гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони озмуни мазкур барои ширкат дар даври ҷумҳриявӣ роҳхат дарёфт намуданд.
Акс аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






