Беҳтаринҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Форуми сеюми миллӣ муайян гардиданд

Июнь 12, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 12.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили иди касбии кормандони соҳаи саноати сабуки кишвар, ки имсол 13 июн  таҷлил мегардад,  дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми миллии соҳибкорони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон /ИРБаХТ/ доир гардид. Форум дар мавзӯи «Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоии содиротӣ ва воридотивазкунанда, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангупардоздиҳӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ–самти афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар он соҳибмулкон, роҳбарон, мутахассисони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, шарикони байналмилалии рушд ҷамъ омада, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Фарҳод Билолзода, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба рушду равнақи фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар аҳамияти хоса медиҳанд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда чораҳои заруриро барои фароҳам намудани шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ меандешад. Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ мебошад. Имрӯзҳо татбиқи усулҳои нави ҳамкорӣ дар ин ҷода идома дошта, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ ба зинаҳои нав баромада истодааст. Вазорати саноат ва технологияҳои нав баргузор намудани чунин чорабиниҳоро қобили таваҷҷуҳ шуморида, натиҷаи онҳоро дар амалигардонии самтҳои асосии сиёсати дастгирикунандаи соҳаи соҳибкорӣ мусоидаткунанда меҳисобад.

Ҳамзамон Раиси Шӯрои ИРБаХТ, Файзалӣ Раҷабов, афзуд, ки дар нишаст доир ба амалишавии барномаҳои соҳавии давлатӣ, вазъи ҳозираи корхонаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа суҳбат кардем. Боиси хурсандист, ки сарфи назар аз мушкилоти пешомада, аксари корхонаҳои соҳа тавонистанд, ки саривақт ба талабот ва воқеиятҳои нави бозор мутобиқ гарданд ва истеҳсоли ниқобу либоси муҳофизатии тиббиро ба роҳ монданд. Корхонаҳо, дар ҳадди лозима, бозори кишварро таъмин карданд ва бо ҳамин роҳ, ба ҷомеа ва давлат кӯмак расониданд. Дар Форум инчунин, озмуни анъанавии соҳа ҷамъбаст шуда, беҳтаринҳо бо ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ сарфароз гардиданд.

Акс аз бойгонӣ

Июнь 12, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд