«БЕШАИ ПАЛАНГОН» — МАМНӮЪГОҲИ НОДИРИ САЙЁРА. Санад барои ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани он таҳия карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи санадро барои ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил кардани мамнӯъгоҳи табиии «Бешаи палангон» шурӯъ кардааст, гузориш медиҳад «АП».
Мақоми мавзеи мероси ҷаҳонӣ барои дарёфти як зумра имтиёзҳо ҳам дар самти муҳофизати табиат ва ҳам дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи мамнӯъгоҳ мусоидат мекунад. Инҳо, пеш аз ҳама баланд шудани эътибор, афзалиятнокӣ барои ҷалби маблағҳо, рушд додани шаклҳои алтернативии истифодабарӣ, масалан туризми экологӣ ва боз бисёр чизҳои дигар мебошанд.
«Бешаи палангон» мамнӯъгоҳи нодири сайёра аст, ки дар ҳудуди се ноҳия — Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ аст. Дар соли 1938 ба он мақоми мамнӯъгоҳ дода шудааст. Масоҳати мамнӯъгоҳ тақрибан 50 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Мамнӯъгоҳ ягона гӯшаи Замин аст, ки дар он маҷмааи тӯғайзори биёбонӣ боқӣ мондааст.
Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» — яке аз ҷойҳои дидании Тоҷикистон — ба асари тағйирёбии иқлим зарар дидааст. Дар сурати ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудани мамнӯъгоҳ, умедворем ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард, ки ин имкон медиҳад мавзеи мазкур ба шароити навӣ табиӣ мутобиқ гардад.
«Бешаи палангон» ҳамчун мамнӯъгоҳ имкон медиҳад, ки на танҳо табиат дар шакли ибтидоии он ҳифз карда шавад, балки ҳамзамон заминаи гузаронидани таҳқиқоти илмиро мусоид мегардонад. Дар ин ҷо конфронсҳои илмӣ доир мешуданд, олимон рисолаҳо дифоъ мекарданд, маърӯзаҳо, монографияҳо, мақолаҳо навишта мешуданд. Аз баракати саъю кӯшишҳои онҳо мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» дар хориҷи минтақа ҳам машҳур гардидааст.
Мақоми мероси ҷаҳонии табиӣ метавонад онро дар сафи маъруфтарин минтақаҳои муҳофизатшавандаи ҷаҳон бигузорад ва барои рушди таҳқиқоти экологӣ дар Тоҷикистон такони нав бахшад. Олимон чунин мешуморанд, ки «Бешаи палангон» охирин захирагоҳи бузурги сайёра бо наботот ва ҳайвоноти нодири тӯғайзорҳо мебошад.
АКСҲО аз бойгонӣ









Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






