БМТ:Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъории ММПИМ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе барои ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар тамсилаи (модели нав) мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъории Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (ТМНШГВАММПИМ) муаррифӣ гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони сохторҳои калидии БМТ иштирок намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз БМТ иттилоъ доданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ҷаласа оид ба мақсадҳои асосии ТМНШГВАММПИМ, аз ҷумла таъмини шаффофияти ниҳодӣ ва рақобати солим дар бозори дохилии асъор, нигоҳ доштани таъмини мутавозунии дастрасӣ ба воситаҳои асъорӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки ҳадафи таҳия ва пешниҳоди ин тамсила тақвият дар самти дастрасӣ, шаффофият ва усули ягона барои ҳама ташкилотҳои қарзии молиявӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, пешгирии хавфҳои эҳтимолии асъорӣ, бартараф намудани омилҳои инсонӣ, беҳтар кардани нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар рейтинги байналмилалӣ мебошад. Инчунин он ба вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва бо ин восита коҳиш додани ҳиссаи пули нақд дар муомилот, беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, саводнокии молиявии аҳолӣ ҷиҳати замина гузоштан ба рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир мусоидат менамояд.
Тамсилаи мазкур барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути зиёд шудани амалиётҳои интиқолӣ дар бозори кортҳои пардохтӣ боис гардида, ба баланд бардоштани маърифати рақамии молиявии аҳолӣ оварда мерасонад ва ба ин васила дастрасӣ, истифодабарӣ ва сифатнокии хизматрасониҳои молиявиро вусъат бахшида, фарогирии куллии молиявии аҳолиро таъмин менамояд.
Ба иштирокдорон дар мавзӯи ТМНШГВАММПИМ аз ҷониби масъулини Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори БМТ маълумот пешниҳод гардид. Дар он дороиҳои асъории ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз байн рафтани омилҳои инсонӣ, коҳишёбии хавфҳои асъорӣ, диверсификатсия ва афзоиши даромади ташкилотҳои қарзии молиявӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, камшавии талабот ба эмиссияи пули нақд, рушди ҳаҷми интиқол тавассути кортҳо, таъмини шаффофият, зиёд гардидани сандуқи амонатӣ ва қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тақвияти чораҳои зиддиковидӣ, рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, коҳишёбии хавфи МҚД/МТ/МПСҚО, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва маърифати молиявии аҳолӣ таҳлил ва муҳокима шуд.
Муовини якуми Раиси БМТ зимни муҳокимаронӣ таваҷҷуҳи намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявиро ба ташкили шароити мусоид ва ҳавасмандгардонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба тамсилаи солими бонкӣ, тағйир ёфтани биниш ва миссияи ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои бонкӣ, зиёд намудани тамоюли рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани буферҳои ҳимоявӣ, коҳиш додани осебпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз шокҳои берунӣ, баланд бардоштани самаранокии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар рушди миёнаравии молиявӣ ва ба ин васила дар асоси омӯзиши рафтори истеъмолкунандагон ба роҳ мондани стратегияи фаъолият ҷалб намуд.
Аксҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон










Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид






