БО «ХОВАР» БОШЕД, БОХАБАР БОШЕД! Чунин даъват мекунад аз сомеони худ Радиои «FM Ховар», ки имрӯз аз таъсиси он расо 10 сол сипарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 июн аз таъсиси Радиои «FM Ховар» 10 сол сипарӣ гардид. Дар ҳамин рӯзи соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Радиои FM Ховар» дар назди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Радиои «FM Ховар» чун шабакаи давлатӣ барномаҳои худро асосан дар формати иттилоотӣ — мусиқӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми 24 соат дар як шабонарӯз ба роҳ мондааст.
Айни замон Радиои «FM Ховар» дар шаҳри Душанбе ва атрофи он рӯйи мавҷи 101,5 FM, вилояти Хатлон (шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи атрофи он ) рӯйи мавҷи 100,5 FM ва вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд ва ноҳияиҳои атрофи он) рӯйи мавҷи 91,5 FM пахш мегардад.
Фарқияти формати Радио «FM Ховар» аз дигар радиоҳои кишвар дар он аст, ки он иттилоотӣ буда, дар як шабонарӯз бештар аз 40 нашри ахборро бо шумули гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод менамояд. Беваҷҳ нест, ки радио аз сомеони худ пайваста даъватт мекунад: «Бо «ховар» бошед, бохабар бошед!» Ин ҷумлаи кӯтоҳ ба як навъ шиори ҳайти эҷодӣ табдил ёфтааст.
Дар ин радиф барномаҳои таҳлилӣ, ки ҷанбаи иттилоотӣ доранд, тнизаҳия мегарданд. Инчунин бо мақсади таъмини фароғати шунавандаҳо дар баробари суруду оҳангҳо, ки ҳеҷ як радиоро бе онҳо тасаввур карда намешавад, як қатор барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ низ омода мегарданд. Аз ҷумла, аз оғози фаъолияти радио барномаҳои «Бозору харидор», «Тафсир», «Нигоҳе ба рӯйдодҳои ҳафта», «Ҳафт рӯзи олам», «Се дар як», «Шом омадаем», «Рози рӯз», «Мухлис», «Пайванд», «Муҳаббат», «Накҳати роз», «Меҳмони Ховар», «Толеънома», «Бизнесмен»(Тоҷир), «Суруди ҳафта», «Фараҳнӯш», «Чароғи шаб», «Сиришти зан», «Ҳамқадами Истиқлол», «Пайрави дониш», «Сеҳри рақамҳо», «Набзи иқтисод» ва чанде дигар бо бахшҳои гуногун пешниҳоди шунавандаҳо мегардиданд.
Баъдан дар радифи бахшҳои хабарӣ ва гузоришҳо, ҳамчунин барномаҳои «Бозтоб», «Дармон», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Меҳмони Ховар», «Садои мондагор», «Оинаи адаб», «Дурдонаҳо аз гуфтори Президент», «Аз фармудаҳои бузургон»(Панду андарзи бузургон), «Гарде аз домани андешаҳо» («Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ, панду ҳикматҳо) ҳамарӯза мавриди таваҷчуҳи шунавандаҳо қарор дода мешуданд. Дар ин баробар роликҳои зиёде, ки васфи Ватан-модар, истиқлолияту ваҳдати миллӣ, забони давлатӣ, ҷавонон, амнияту осудагии меҳан, ҳифзи дастовардҳои миллиро тарғиб мекунанд, дар фосилаи бахшҳои хабарӣ ва суруду оҳангҳо пахш мегарданд.
Айни замон дар баробари барномаҳои «Хабар» ва гузоришҳои рӯзмара, ҳамчунин барномаҳои «Гуфтугӯ», «Мавқеъ», «Набзи иқтисод», «Бозтоб», «Сарват», «Дармон», «Ҷаҳони андеша», «Соярӯшан», «Ҷомеа ва қонун», «Раҳнамун», «Рӯҳафзо», «Тафсир», «Маслиҳати мутахассис», «Шарҳи коршинос», «Ганҷи сарзамин», «Адиб ва замон», «Тақвими Ховар», «Оҳанги хотира», «Ҳамқадами замон», «Ҷаҳони варзиш» таҳия ва пешниҳоди шунавандаҳо мегарданд.
Инак, 10 сол аст, ки садои Радиои «FM Ховар» дар баробари дигар расонаҳо, фазои иттилотии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои ҷолибу рангин пур мекунад. Ҳайати гурӯҳи эҷодиро ҷавонони навкор ва чанд рӯзноманигорони соҳибтаҷрибае, ки аз дигар радиоҳо барои ҳамкорӣ даъват гардида буданд, ташкил медоданд.Дар ин муддат рӯзноманигорони зиёде бо ин радио ҳамкорӣ карда, таҷрибаи касбии худро сайқал додаанд.
Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони Радиои «FM Ховар»-ро ба муносибати 10-умин солгарди таъсисёбии радио шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ ва комёбӣ таманно менамоянд.










Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид






