БО «ХОВАР» БОШЕД, БОХАБАР БОШЕД! Чунин даъват мекунад аз сомеони худ Радиои «FM Ховар», ки имрӯз аз таъсиси он расо 10 сол сипарӣ шуд

Июнь 2, 2021 11:05

ДУШАНБЕ, 02.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 июн аз таъсиси Радиои «FM Ховар» 10 сол сипарӣ гардид. Дар ҳамин рӯзи соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Корхонаи воҳиди давлатии «Радиои  FM Ховар» дар назди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуд.

Радиои «FM Ховар» чун шабакаи давлатӣ барномаҳои худро асосан дар формати иттилоотӣ — мусиқӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ   дар ҳаҷми  24 соат дар як шабонарӯз  ба роҳ мондааст.

Айни замон Радиои «FM Ховар» дар шаҳри Душанбе ва атрофи он рӯйи мавҷи 101,5 FM, вилояти Хатлон  (шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи атрофи он ) рӯйи мавҷи 100,5 FM ва вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд ва ноҳияиҳои атрофи он) рӯйи мавҷи 91,5 FM  пахш мегардад.

Фарқияти формати Радио «FM Ховар»  аз дигар радиоҳои кишвар дар он аст, ки он   иттилоотӣ буда, дар як шабонарӯз бештар аз 40 нашри ахборро  бо шумули гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод менамояд. Беваҷҳ нест, ки радио аз сомеони худ пайваста даъватт мекунад: «Бо «ховар» бошед, бохабар бошед!» Ин ҷумлаи кӯтоҳ ба як навъ шиори ҳайти эҷодӣ табдил ёфтааст.

Дар ин радиф  барномаҳои таҳлилӣ, ки ҷанбаи иттилоотӣ доранд, тнизаҳия мегарданд. Инчунин бо мақсади таъмини фароғати шунавандаҳо  дар баробари суруду оҳангҳо, ки ҳеҷ як радиоро бе онҳо тасаввур карда намешавад, як  қатор  барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ низ омода мегарданд. Аз ҷумла, аз оғози фаъолияти радио барномаҳои «Бозору харидор», «Тафсир», «Нигоҳе ба рӯйдодҳои ҳафта», «Ҳафт рӯзи олам», «Се дар як», «Шом омадаем», «Рози рӯз», «Мухлис», «Пайванд», «Муҳаббат», «Накҳати роз», «Меҳмони Ховар», «Толеънома», «Бизнесмен»(Тоҷир), «Суруди ҳафта», «Фараҳнӯш», «Чароғи шаб», «Сиришти зан», «Ҳамқадами Истиқлол», «Пайрави дониш», «Сеҳри рақамҳо», «Набзи иқтисод» ва чанде дигар бо бахшҳои гуногун пешниҳоди шунавандаҳо мегардиданд.

Баъдан  дар радифи бахшҳои хабарӣ ва гузоришҳо, ҳамчунин барномаҳои «Бозтоб», «Дармон», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Меҳмони Ховар», «Садои мондагор», «Оинаи адаб», «Дурдонаҳо аз гуфтори Президент», «Аз фармудаҳои бузургон»(Панду андарзи бузургон), «Гарде аз домани андешаҳо» («Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ, панду ҳикматҳо) ҳамарӯза мавриди таваҷчуҳи шунавандаҳо қарор дода мешуданд. Дар ин баробар роликҳои зиёде, ки васфи Ватан-модар, истиқлолияту ваҳдати миллӣ, забони давлатӣ, ҷавонон, амнияту осудагии меҳан, ҳифзи дастовардҳои миллиро  тарғиб мекунанд, дар фосилаи бахшҳои хабарӣ ва суруду оҳангҳо пахш мегарданд.

Айни замон дар баробари барномаҳои «Хабар» ва гузоришҳои рӯзмара, ҳамчунин барномаҳои «Гуфтугӯ», «Мавқеъ», «Набзи иқтисод», «Бозтоб», «Сарват», «Дармон», «Ҷаҳони андеша», «Соярӯшан», «Ҷомеа ва қонун», «Раҳнамун», «Рӯҳафзо», «Тафсир», «Маслиҳати мутахассис», «Шарҳи коршинос», «Ганҷи сарзамин», «Адиб ва замон»,  «Тақвими Ховар», «Оҳанги хотира», «Ҳамқадами замон», «Ҷаҳони варзиш» таҳия ва пешниҳоди шунавандаҳо мегарданд.

Инак, 10 сол аст, ки садои Радиои «FM Ховар» дар баробари дигар расонаҳо, фазои иттилотии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои ҷолибу рангин пур мекунад.    Ҳайати гурӯҳи эҷодиро ҷавонони навкор  ва  чанд   рӯзноманигорони соҳибтаҷрибае, ки аз дигар радиоҳо барои ҳамкорӣ даъват гардида буданд, ташкил медоданд.Дар ин муддат рӯзноманигорони зиёде бо ин радио ҳамкорӣ карда, таҷрибаи касбии худро сайқал додаанд.

Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони Радиои «FM Ховар»-ро ба муносибати 10-умин солгарди таъсисёбии радио шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ ва комёбӣ таманно менамоянд.

Июнь 2, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд