Бо ташаббуси ҳизбиён зиёда аз ду километр роҳи байни деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мумфарш гардид

Июнь 19, 2021 10:57

ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз ду километр роҳи байни деҳаи Меҳнатободи  ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мумфарш  гардид.

 Ин амал аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод”  дар ҳамбастагӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур, инчунин  дастгирии соҳибкорону шахсони хайрхоҳ ва ҳимматбаланди деҳа, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  анҷом ёфт.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни суҳбат раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдулло Давлатов, аз ҷумла гуфт, ки мо дар арафаи ҷашнвораи бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар ин давра барои расидан ба ҳадафи олӣ- рушди кишвар, яъне баланд бардоштани сатҳу сифат ва шароити зиндагии мардум бояд камари ҳиммат бандем.

-Бо ҳамин мақсад ба раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, ки дар  тамоми  гӯшаву канори  Тоҷикистон  ба истиқболи ҷашни миллӣ  ҷараён доранд, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  вусъати тоза бахшида, баҳри  сазовор  пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода ҳамаҷониба омодагӣ мебинем, -илова кард номбурда.

Ба иттилои манбаъ, чунин созандагиҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дорад ва  ҳизбиёни вилоят дар ин ҷода саҳми намоён  гузошта истодаанд.

Июнь 19, 2021 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид