Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи «Барномаи ислоҳоти андоз» дар Тоҷикистон 50 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантиро тасдиқ намуд

Июнь 3, 2021 14:21

ДУШАНБЕ, 03.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Бонки ҷаҳонӣ маблағи грантиро дар ҳаҷми 50 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби Асотсиатсияи байналмилалии рушд барои татбиқи «Барномаи ислоҳоти андоз» дар Тоҷикистон тасдиқ намуд. Дар ин хусус намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Лоиҳа дар татбиқи Кодекси андоз дар таҳрири нав ва навсозии низоми андозбандиро бо мақсади таъмини мувозинат байни ҳадафу вазифаҳо дар самти сафарбарнамоии даромади дохилӣ ва рушди бахши хусусӣ дастгирӣ мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти андозро вазифаи аввалиндараҷа меҳисобад, ки он аҳамияти торафт афзояндаи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллиро инъикос мекунад. Тавассути Кодекси нави андоз, ки ҳоло мавриди баррасии Ҳукумат қарор дорад, кишвар талош дорад, ки мудирияти андозро муосир гардонида, сиёсати андоз ва равандҳои ҷамъоварии даромадҳоро дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монад.

Ислоҳоти мазкур дар кӯшишҳои ноилшавӣ ба ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи миллии рушд то соли 2030», ки 3,5 маротиба болоравии даромади аҳолӣ ва ду баробар коҳишёбии сатҳи камбизоатиро то соли 2030 пешбинӣ мекунад, ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, Тоҷикистон ба саҳми бахши хусусӣ ниёз дорад, ки он метавонад сармоягузориҳоро бо маблағ таъмин кунад, навовариро дастгирӣ намояд, ҷойҳои корӣ фароҳам оварад ва заминаи содиротро васеъ гардонад.

Айни замон бахши хусусӣ дар Тоҷикистон танҳо аз чор як ҳиссаи ҳаҷми умумии сармоягузориҳоро таъмин менамояд ва камтар аз сеяки маҳсулоти саноатиро истеҳсол мекунад, дар ҳоле ки он танҳо имкониятҳои маҳдуд барои шуғли расмӣ дар иқтисодиёти ҷавон ва рушдёбанда фароҳам меоварад.

Бемории ҳамагири COVID19 ба даромадҳои давлат ва талошҳои ҷамъоварии андоз таъсири манфӣ расонид. Дар баробари ин хароҷоти иҷтимоӣ ва сатҳи қарзи давлатиро боло бурд. Дар чунин шароит татбиқи ислоҳоти андоз аз ин беш хусусияти таъхирнопазириро касб мекунад.

Барномаи ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷории андоз бо иҷрои вазифаҳои соддагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузории андоз саҳми худро мегузорад.

Дар давоми шаш соли оянда Лоиҳа аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Июнь 3, 2021 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид