Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳ дар шарқи мамлакат беш аз 203 млн доллар ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чин ба Тоҷикистон барои сохтмон ва таҷдиди қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма то ноҳияи Рӯшон 203,9 млн доллари амрикоӣ ҷудо менамояд, хабар медиҳад «Авесто».
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни баррасии масъалаи мазкур дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки маблағҳои мазкур дар асоси грантӣ дода мешаванд.
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, ки 16 июн дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд, ки Тоҷикистон воридоти таҷҳизотро барои сохтмони ин қисмати роҳ аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад.
Душанбе-Хоруғ-Қулма- шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалии мошингард аст, аммо бисёр қитъаҳои он душворгузар мебошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми шоҳроҳҳо, аз Душанбе то минтақаҳо, ба истиснои роҳи асосии Бадахшон — аз Қалъаи-Хумб то Хоруғ ва минбаъд то марз бо Чин таъмиру бозсозӣ шудаанд.
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ роҳи мазкур бинобар ин ки тавассути он молҳои асосӣ аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд, хеле муҳим аст.
Пештар хабар дода шуда буд, ки барои навсозии қитъаи 92 километраи роҳ аз Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон 230 млн доллар зарур аст. Дар доираи лоиҳа сохтани ду нақби нақлиёти автомобилӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






